Jump to content

Гамбит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гамби́т (аз итол. gambetto — пешпоӣ) — дар шоҳмоту шашка унвони шурӯъи бозиест, ки дар он яке аз тарафҳо (ғолибан ҷониби сафед) барои густариши зудтари муҳраҳо, тасарруфи марказ, пеш гирифтани ҳамла ба шоҳ ва пешгирии густариши неруҳои ҳариф, маъмулан, пиёда ва гоҳе муҳраи қавитареро қурбон мекунад.

Ҳариф низ мумкин аст бо задани он муҳра қурбониро бипазирад (пазириши гамбит), ё бидуни таваҷҷуҳ ба он аз пайи ҳаракати дигар шавад (радди гамбит), ё ҳатто худ ба ҳариф як гамбит пешкаш кунад (гамбити мутақобил). Ба назари коршиносон, беҳтарин роҳи муқобала бо гамбитҳо пазируфтани онҳост.

Вожаи «гамбит» нахустин бор соли 1561 аз ҷониби шоҳмотбози Испания Р. Лопес вориди олами шоҳмот шуд. Ҳоло назарияи шоҳмот наздик ба 50 навъи гамбитро дар ин бозӣ номбар мекунад, ки теъдоди каме аз онҳо дар мусобиқаҳои бузург истифода мешаванд.

  • Шахматы. Энциклопедический словарь. М., 1990;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.