Ип Ман
чинӣ: 葉問 | |
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Ном ба ҳангоми таваллуд | чинӣ: 葉繼問 |
Кишвар | |
Тахассус | Wing Chun[d] |
Зодрӯз | 1 октябр 1893 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 2 декабр 1972 (79 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ип Ман (чинии сунатӣ: 葉問, сода: 叶问, пинйин: Yè Wèn, палл.: Йе Вэн, Йип Ман, Ип Мэн; 1 октябри 1893, Фушон, музофоти Гуондунг, Хитой — 2 декабри 1972, Ҳонконг) — устоди ҳунарҳои размии хитойӣ; намояндаи сабки «кунгфу винг чун».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳафтсолагӣ омӯзиши худро зери назари устоди сабки винг чун – Чан Ва Шун оғоз намуда, то замони марги устозаш (1905) идома дод. Сипас дар назди Он Ҷи Чонг Су, яке аз шогирдони аршади Чан омӯзиш дид. Соли 1908 барои идомаи таҳсил ба Ҳонконг рафт. Дар ҳамон ҷо ӯ бо устоди ҳунарҳои размӣ – Ли Юнг Бик мулоқот кард ва назди ӯ муддате ба тамрин пардохт. Ли Юнг сабаби пешрафти ӯ дар ҳунари размии винг чун (ҳам дар заминаи назария ва ҳам фунун) гашт. Дар 24-солагӣ ба Фушон баргашта, ба унвони маъмури иҷрои қонун (афсари пулис) иҷрои вазифа кард ва ҳамзамон дар вақтҳои озодаш сабки винг чунро ба чанд нафар аз дӯстону наздиконаш омӯзиш дод. Баъди пирӯзии Инқилоби коммунистии Чин, Фушонро ба қасди Ҳонконг тарк кард, зеро ӯ як афсари Куминтонг (ҳизби миллии мардумӣ), рақиби коммунистҳо дар ҷанги дохилӣ буд. И. М. дар Ҳонконг ба мушкилоти шадиди молӣ дучор шуд ва маҷбур шуд, ки барои дарёфти маош маҳоратҳои размияшро истифода кунад. Ӯ нахуст дар як сохтмони Иттиҳодияи коргарони ресторан мактаби худро барои таълими доираи васеъи шогирдон боз кард ва сипас мактабҳои дигарашро кушод. Соли 1967 Ип Ман ва бархе аз шогирдонаш Иттиҳодияи варзишии винг чунро таъсис ва баъдан равиши Ип Манро ба сартосари ҷаҳон интиқол доданд. Брюс Ли яке аз шогирдони Ип Ман Ба шумор меравад. Ҳаёт ва фаъолияти Ип Ман Дар чандин филмҳои бадеиву мустанад бозтоб ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Martial arts of the world: an encyclopedia / edited by Thomas A. Green. California, 2001;
- Линд В. Энциклопедия боевых искусств. М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — 648 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.